Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳсҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон


Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Ботканд беш аз 500 ҳектор заминҳои Қирғизистон аз сӯи сокинони ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ғасб шудааст.

Нашрияи электоронии «Тазар» навиштааст, ки минтақаҳои баҳсноки марзӣ ба вижа дар атрофи минтақаи Ворухи ноҳияи Исфара, ки гуфта мешавад, ин анклав аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад, бештар боқӣ мондааст.

Нурлан Абдуллоев, коршиноси қирғиз гуфтааст, аммо ба қаламрави кадом ҷумҳурӣ марбут будани ин минтақаҳои баҳснок ба яке аз масъалаҳои мубрам ва ҳалношуданӣ табдил ёфтааст.

Ба гуфтаи Нурлан Абдуллев ба далели он ки дар солҳи аввали ҳазораи севвум мақомоти вилояти Ботканд ба ғасби худсаронаи заминҳои таҳти кишт аз тарафи тоҷикон таваҷҷӯҳ накардаанд, ин масъала беш аз пеш доман фарох кардааст.

Дар ҳамин ҳол Тухтагул Какчикеев, як коршиноси қирғиз мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ғасби заминҳои марбути Қирғиз истон аз тарафи шаҳарвандони он кишвар гунаҳкор нест.

Оқои Какчикеев афзуд, зуҳури раванди мазбур ба ин далел сурат гирифтааст, ки сиёсат дар Қирғизистон мелангад ва мунҷар ба муҳоҷирати сокинони манотиқи марзии вилояти Ботканд ба қисмати шимоли кишвараш шудааст.

Ба гуфтаи Тухтагул Какчикеев ба хотири он ки зуҳури ин масъала оқибатҳои ногуворро дар пас наоварад, бояд мавриди пажӯҳиш ва баррасии мақомоти ҳар ду ҷониб қарор гирад.

Журналисти мустақил Мелис Ғиёсов ба нашрияи электоронии «Тазар» гуфтааст, ки вазъият дар рустои Чекдобои ноҳияи Ботканд ташвишовар аст.

Мелис Ғиёсов афзудааст, дар ҳамин ҳол дар ин русто ҳамагӣ чанд хонавода ба сар мебарад, ки руҳияи ватандӯстӣ дар онҳо ҳанӯз боқӣ мондааст.

Ба таъкиди журналисти мустақил, вале ин рӯҳия низ рафта-рафта шикаста хоҳад шуд ва аз эҳтимол дур нест, ки аъзои ин хонаводаҳо низ бо дарназардошти беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоии худ ба қисмати шимоли кишвараш кӯч банданд.

Гуфта мешавад, дар он сурат манзил ва замини онҳоро тоҷикон ишғол хоҳанд кард.

Аммо Саломат Аламонов, раҳбари масоъили минтақавии назди дастгоҳи ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бар ин ақида устувор аст, ки муҳоҷирати сокинони вилояти Ботканд то давраи истиқлолияти кишвараш вусъат пайдо карда буд.

Ба гуфтаи оқои Аламонов вале теъдоди муҳоҷирон дар ин авохир хеле коҳиш дидааст.

Вай мегӯяд, ҳукумат талоши зиёд ба харҷ медиҳад, ки дар манотиқи назди марзии вилояти Ботканд нуктаҳои хизмати маишиву дармонгоҳҳо арзи вуҷуд кунанд ва барои сокинони он низ шароит фароҳам оварда шавад.

XS
SM
MD
LG