Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ кумиссюни байналмиллалӣ ташкил медиҳад


СММ барои расидагӣ ба куштори Бенназир Бҳутто-нахуствазири пешини Покистон кумиссюни мустақил ташкил медиҳад. Баъд аз эъломияи Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ-вазири хориҷаи Покистон Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ тавофуқотро дар ин бора таъйид кард. Оқои Қурейшӣ дар ин бора гуфт:
"Ҳукумати Покистон аз Дабири Кулли СММ дархост кард, ки барои шиносоии ҳуввияти муттаҳамон, табаҳкорон ва созмондиҳандагону сармоягузорони суиқасд ба ҷони Шаҳид Муҳтарама Беназир Бҳутто ва ба ҷазо кашондани онҳо кумиссюни байналмиллалӣ ташкил диҳад".
Хонум Бҳутто 27-уми декабри соли 2007 дар ҷараёни раҳпаймоии интихоботӣ дар шаҳри Равалпиндӣ дар суиқасде ба қатл расонда шуд. Ҳукмати қаблии Покистон баъд аз расидагии муштарак бо Бритонёву Амрико дар ин куштор тундравҳои муттаъаллиқ ба шабакаи Ал Қоъидаро муттаҳам кард. Ҳизби хонум Бҳутто, ки ҳоло рҳбарии кобинаро бар уҳда дорад, аз муддатҳо қабл мехост СММ барои расидагӣ кумисюни байналмиллалӣ ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG