Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо ба Косово 500 милён евро кумак қавл дод


Иттиҳодияи Аврупо дар Бруксел дар оғози конфронси кишварҳои кумаккунанда ба Косово қавл додааст, ки ба ин кишвар 500 милён евро кумак хоҳад кард. Оллӣ Реҳн-кумиссари тавсеъаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ин маблағ аз кумакҳои таъаҳҳудсупурдаи ин иттиҳодия ба Косово баъд аз эълони истиқлолияташ дар моҳи феврали соли ҷорӣ мебошад:
"Ба шарофати чунин кушишҳо ман умедворам, ки ваъдаи кумакҳо ба як милярд евро хоҳад расид. Ин маблағи муҳим барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои тамоми мардуми Косово хоҳад буд, яъне дар бахшҳои энержӣ, омузишӣ, нақлиёт, ташкили ниҳодҳо ё умури идорӣ".
Ҳошим Тачӣ-нахуствазири Косово барои узвият дар Сандуқи Байналмилаллии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дархост додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG