Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи чаҳор нафар созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ ахиран дар маркази вилояти Бадахшон парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Дар ин хусус додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар нишасти мабуъотии марбут ба кори додситонӣ дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ ба ҷамъи хабарнигорони ватаниву хориҷӣ хабар дод. Парвандаи мазкурро додситонӣ дар нисбати, ба гуфтаи додситони кулл, чаҳор «ҷинояткори машҳур» дар робита ба амали ҷойдоштаи латтукӯби кормандони ВКД ва додситони ВМКБ Рашид Гулмаҳмадшоев боз кардааст.
Дар ин нишаст Б. Бобохонов инчунин эълом намуд, ки Додоҷон Атовуллоев, сардабири нашрияи «Чароғи рӯз», 2террористи иттилоъотӣ» мебошад.
«Дар нисбати ин ашхос парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва онҳо бар асоси қонунгузорӣ муҷозот хоҳанд шуд», - таъкид намуд Б. Бобохонов.
XS
SM
MD
LG