Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазо ба масъули таркиш дар Додгоҳи Олӣ


Додгоҳи шаҳри Душанбе як сокини ин шаҳрро бо ҷурми даст доштан дар инфиҷори дар ҳавлии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Камол Эшонқулов соли гузашта ба хотири баҳам задани субот дар Тоҷикистон бо кӯмаки хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ, ки аз онҳо ном бурда нашуд, дар назди додгоҳ маводи мунфаҷира гузоштааст.
Телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, додгоҳ Камол Эшонқуловро ба 22 соли зиндон ва мусодираи молу мулк маҳкум кард. Шонздаҳуми июни соли гузаштаи 2007 дар ҳавлии Додгоҳи Олии Тоҷикистон инфиҷори қавие ба вуқӯъ пайваст, ки талафоти ҷонӣ дар пай надошт, вале бар асари он бинои додгоҳ осеб дид.

XS
SM
MD
LG