Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гурҷистон сафираш аз Маскавро фаро хонд


Вазорати умури хориҷаи Гурҷистон рӯзи панҷшанбе бо ирсоли нома ба сафири Русия дар шаҳри Тифлис аз вайрон кардани қаламрави ҳавоии Гурҷистон аз тарафи ҳавопаймоҳои ҷангии Русия эътироз кардааст. Муддати кутоҳе пештар аз ин баёния вазири умури хориҷаи Гурҷистон Екатерина Ткешелашвилӣ гуфт, сафири кишварашро барои машварат аз Русия бозмехонад.

Ткешелашвилӣ гуфт, Гурҷистон ният дорад, бо “андешидани тадобири қатъӣ ба иқдомоти Русия посухи муносиб бидиҳад.” Айни замон Кондолиза Райс - вазири умури хориҷаи Амрико зимни мулоқот бо раиси ҷумҳури Гурҷистон Михайил Саакашвилӣ хостори талошҳои тоза ҷиҳати ҳалли муноқишаҳои ин кишвар бо манотиқи ҷудоихони он шуд.

XS
SM
MD
LG