Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин изҳороти вай рӯзи панҷшанбе, дар як нишасти матбуотӣ бо раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ садо дод. Музокироти ду мақоми баландпояи Амрикову Гурҷистон дар шароите сурат гирифт, ки таниши миёни Маскаву Тифлис аз болои ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар ҳоли афзудан аст.

Сафари дипломати баландпояи амрикойӣ ба Гурҷистон дар ҳоле сурат мегирад, ки таниш дар равобити миёни Маскаву Тифлис боз ҳам афзун мешавад.

Кандализа Райс, вазири хориҷаи Амрико рӯзи чоршанбе вориди пойтахти Гурҷистон шуд ва ин сафар дар ҳоле сурат мегирад, ки ду ҷониб ҳамдигарро ҳар чи бештар дар халалдорсозии созишномаи оташбас оид ба парвози ҳавопаймаҳои ҷангӣ аз болои Осетияи Ҷанубӣ айбдор мекунанд. Чанд рӯз пеш аз ин дар Абхозистон бар асари таркише чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. Дар нишасти матбуотии рӯзи панҷашнбе хонум Райс таъкид кард, ки танҳо роҳи аз байн бурдани ихтилофҳои миёни ду ҷониб ба роҳ мондани музокирот ва гуфтугӯ мебошад: "Хушунатҳо ва пеши роҳи касоне, ки ба ин чиз доман мезанад, бояд гирифта шавад. Ман дар ин бора ба президент Саакашвилӣ ҳам изҳори назар кардам, ки хушунат набояд ҷо дошта бошад. Ҷони одамҳои бегуноҳ гирифта шуд ва хеле муҳим аст, ки ҳама ҷонибҳо роҳи хушунатомези ҳалли масъаларо инкор кунанд. Барои ҳалли вазъи Абхозистон танҳо аз роҳи сулҳомез бояд кор гирифта шавад".

Хонум Райс таъкид кард, ки барои ҳалли мушкил бояд раҳбарияти баландпояи ҷонибҳо ва на фақат аз Русияву Гурҷистон, балки инчунин аз ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ ҳам ҷалб шаванд: "Ман ба анҷоми чунин мубоҳисаҳо дар сатҳи баландтар даъват хоҳам кард, ва ин сатҳи раҳбарони сиёсӣ ва ё ҳаммақом бо онҳо бояд бошад, чунки вазъ хеле ҷиддӣ аст. Ин ҷо чанд фикр роҷеъ ба коҳиш додани нерӯҳо ва хатми муҳосираи Абхозистон мавҷуд аст. Гурҷиҳову абхозҳо бояд ба таври мустақим вориди гуфтугӯ шаванд. Ва кори бисёре ҳаст, ки бояд ба сомон расонида шавад ва мо онҳоро пайгирӣ хоҳем кард ва ба назари ман ин аст, ки ин гуна мулоқотҳо бояд бештар ва дар сатҳи баландтар ташкил шавад".

Вазири хориҷаи Амрико инчунин ба нақш ва масъулияти Русия чун миёнии баҳсҳои миёни Гурҷистон ва ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳ ёдоварӣ кард. Вай гуфт: "Русия узви гурӯҳи дӯстони Гурҷистон аст, ки бо ташаббуси дабири кулли СММ ташкил шудааст. Ва ин кишвар бояд воқеан ҳам ҳамин гуна рафтор кунад. Ин чунин маъно дорад, ки Русия бояд бахше аз ҳалли мушкил, на ин ки саҳмгузори тавсеъаи ин танишҳо бошад".

Вақтҳои охир Абхозистон ба як рамзи мухолифатҳои миёни Гурҷистон ва Русия табдил шудааст. Маскаву Тифлис бар сари масъалаи истиқрори нирӯҳои русӣ дар хоки ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ вориди баҳс шудаанд ва Русия Гурҷистонро дар нақзи ҳарими ҳавоии минтақа айбдор кард. Дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе Михаил Саакашвилӣ гуфт, ки вай мутмаин аст Русия дар бесуботии вазъи минтақа саҳмгузор мебошад: "Ҳамонтавре, ки русҳо ба мо ба таври ошкоро ва дар сӯҳбатҳои хусусӣ шарҳ додаанд, ин вокуниши онҳо ба барномаҳои тавсеъаи нирӯҳои НАТО, эълони истиқлолияти Косово ва афзоиши ҳузури ИМА дар минтақа мебошад. Чунин ба назар мерасад, ки баъзе нафарон бехабаранд, ки ҷанги сард аллакай ба охир расидааст".

Аммо дар айни замон оқои Саакашвилӣ таъкид кард, ки Маскаву Тифлис бояд иртиботи суннатии худро баҳам назананд. Тайи чанд ҳафтаи ахир раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ чандин бор бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дидору гуфтугӯҳо кардааст: "Мо бо Русия равобити бисёр қавӣ дорем. Мо иртиботи хеле қавии отифӣ, фарҳангӣ, таърихӣ дорем ва худро муваззаф медонем, ки ба хотири наслҳои ояндаи кишвар равобити хеле қавиро бо русҳо барқарор кунем. Ва дар айни замон мо як кишвари хеле хурд ҳастем, аммо мо манфиатҳои амнияти миллӣ ва манфиатҳои миллии худро дорем".

Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс боздиди худро аз Гурҷистон хотима дод.

XS
SM
MD
LG