Пайвандҳои дастрасӣ

Низом Сангов ба Олимпиада роҳхат гирифт


5 симбули Бозиҳои 29-уми олимпӣ

5 симбули Бозиҳои 29-уми олимпӣ

Вазнабардори тоҷик Низом Сангов ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шуд.

Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, мудири иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Низом Сангов дар давоми 3 соли ахир дар сабқати қаҳрамонии ҷаҳон ва Ҷоми Осиё дар вазни то 69 кг ширкат кардааст ва, аз рӯи натоиҷи ба даст овардааш дар ин мусобиқот, бо пешниҳоди Федеросиюни вазнабардории кишвар, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федеросиюни байнулмилалии вазнабардорӣ ва Кумисиюни Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ба Олимпиадаи Пекин роҳхат гирифт.
Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то 73 кг), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то 81 кг), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то 90 кг), Виталий Корякин (гуштии озод, то 60 кг), Юсуф Абдусаломов (гуштии озод, то 84 кг), Шералӣ Достиев (бокс, то 48 кг), Анвар Юнусов (бокс, то 51 кг), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то 81 кг), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м), Албина Камолиддинова (камонварӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ, 69 кг) мебошанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG