Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун: “Парвандаи Литвиненко пӯшида намешавад”


Нахуствазири Бритониё Гордон Браун гуфт, ӯ ба раисҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар нишасти раҳбарони кишварҳои гурӯҳи 8 (G8) дар Ҷопон таъкид намудааст, ки масъалаи марги Александр Литвиненко пӯшида намешавад. Зимни суханронӣ дар порлумони кишвараш Броун гуфт, норӯшаниҳои кунунӣ дар масъалаи парвандаи Литвиненко қобили қабул нест. Литвиненко, ки собиқ корманди Хадамоти амниятии Русия ва яке аз мунаққидони шадидуллаҳни сиёсати Кремл буд, соли 2006 дар Лондон бар асари заҳролудшавии радоиактивӣ фавтид. Бритониё аз Русия дархост кардааст, то гумонбари асосӣ - як корманди Хадамоти амниятии ин кишварро ба Лондон истирдод кунад. Талабе, ки Русия онро комилан рад мекунад.
XS
SM
MD
LG