Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии асирони ироқӣ


Мақомоти артиши Амрико дар Ироқ шумори асиронеро, ки то ин замон аз асорат раҳо карданд, дар қиёс ба соли гузашта бештар мешуморанд. Мақомоти номбурда шумораи боздоштшудаҳои ироқиро, ки таҳти ҳифозати Амрико қарор доранд, ошкор накардааст. Аммо моҳи майи соли равон шумори онҳо то 22 ҳазор нафар рақам зада мешуд. Амрико гуфтааст, тадриҷан боздошти гумонбарон ва назорати зиндонҳоро дар Ироқ ба ихтиёри мақомоти ин кишвар месупорад.
XS
SM
MD
LG