Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти пулиси Туркия ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона дар назди консулгарии Амрико дар Истанбулро ба «Ал-Қоида» рабт додаанд.

Вале сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи ИМА Шин Маккормак изҳор намуд, ки ҳанӯз гуфтан барвақт аст, ки шабакаи «Ал-Қоида» ба ҳамлаи маргбори дирӯза даст дошт ё хайр. Дар шарҳи изҳороти ҳукумати Туркия дар бораи эҳтимолияти иртиботи «Ал-Қоида» ба ҳамла Маккормак гуфт:

“Дар айни ҳол ман наметавонам ин изҳоротро на рад на тасдиқ кунам. Аз дидгоҳи мо ҳанӯз доир ба таҳқиқ сухан гуфтан барвақт аст. Ҳадди аққал тибқи хабарҳое, ки ман дидам, гуфта мешавад, ки полиси Туркия танҳо гумону фарзияҳоро пешкаш мекунад. Ман бовар дорам, ки айни ҳол ҳеҷ кас ба ин савол посух дода наметавонад, ҳамзамон ман наметавонам аз ин фарзияҳо пуштибонӣ кунам” .

То кунун ягон гурӯҳ ё созмон масъулияти анҷоми ҳамларо, ки дар наздикии қисмати маскунии шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайваст ба ӯҳда нагирифтааст.

Дар дохили бинои консулгарӣ ҳеҷ кас маҷруҳ ё кушта нашуд. Маккормак иттилоъ дод, ки ҳама кормандони консулгарӣ дар дохили он паноҳ бурда буданд ва то замоне, ки маълум гашта буд, ки ба онҳо ягон чиз таҳдид намекунад, дар дохили бино боқӣ монданд. Баъд аз анҷоми тафтиш ба онҳо иҷоза шуд, ки аз консулгарӣ бираванд.

Сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ба сабабҳои амниятӣ консулгарӣ танҳо имрӯз 10 июл ба ҳама фаъолиятҳояш оғоз мекунад, аммо хадамоти марбут ба судури виза фаъолият нахоҳад кард. Дипломат инчунин гуфт, ки дар тамоми намояндагиҳои дипломатии ИМА дар хориҷа чораҳои амниятӣ тақвият меёбанд.

Ҳамла тақрибан соати 11-и субҳи вақти Истамбул сурат гирифт. Се марди мусаллаҳ бо таппонча ва туфангҳои шикорӣ аз мошин фаромада, ба сӯи кормандони полис оташ кушоданд. Мардуме, ки барои гирифтани визаҳои Амрико дар навбат меистоданд, ба ҳар сӯ фирор карданд, дар ҳоле ки кормандони амниятии консулгарӣ атрофи биноро иҳота намуда, онро муҳофизат мекарданд. Маккормак гуфт, худи бино аз назди маҳали даргирӣ, даромадгоҳи мошинҳо, дар масофаи 100 метр дуртар воқеъ аст.

Шаҳрдори Истамбул Муаммар Гулер гуфт, ки лоақал як нафар аз ҳамлагарон зинда монда аз ҷои ҳодиса савор ба мошин фирор кард ва ҳоло ӯро ниҳодҳои амнияти ҷустуҷӯ мекунанд. Бино бар иттилоъи Гулер, лоақал ду нафар аз ҳамлагарон миллатгароёни турк буданд. Бо вуҷуди ин мақомоти Туркия эълом намудаанд, ки маълумот дар бораи ҳуввият ва иттилоъи дигар то ба поён расидани бозҷӯӣ ошкор нахоҳад шуд.

Маккормак гуфт, ҳукумати ИМА ба кормандони ниҳодҳои Туркия, ки дар фурӯнишонии ҳамла ширкат варзиданд, сипосгузорӣ ва ҳамзамон ба наздикону хешовандони қурбониён ҳамдардии амиқи худро изҳор мекунад.

Баъд аз ҳамлаҳои маргталабонаи ҷангҷӯёни маҳаллӣ, ки гуфта мешавад, бо “Ал-Қоида” робита доштанд, соли 2003 дар Истамбул дар атрофи консулгарии Амрико дар Истамбул тадобири шадиди амнияти рӯи даст гирифта шуда буд. Дар натиҷаи он ҳамлаҳо, ки ҳадафашон консулгарии Бритониё, бинои банки Бритониё ва ду канисаи яҳудӣ буд, 58 нафар ҷон доданд.

XS
SM
MD
LG