Пайвандҳои дастрасӣ

Тақозои САҲА аз ҳукумати Озарбойҷон


Як мақоми олирутбаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Озарбойҷон хост, ба интихоботи раёсати ҷумҳури моҳи октябр дахолат накунад. Хосе Луис Ҳерреро - раиси дафтари созмони мазкур дар шаҳри Боку зимни нишасте бо нозирони ғарбӣ ва мақомоти интихоботии маҳаллӣ гуфт, интихоботи рӯзи 15-уми октябр бояд аз мушкилоте, ки интихоботи соли 2003-ро олуда карданд, орӣ бошад. Он замон Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳури Озарбойҷон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор нашуд.
XS
SM
MD
LG