Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати посдорони сулҳ дар Судон


Ҳафт тан аз посдорони сулҳи нерӯҳои муштараки Созмони Милал ва Иттиҳодияи Африқоро дар минтақаи Дарфури Судон куштаанд. Созмони Милал гуфт, рӯзи чаҳоршанбе садҳо савораи мусаллаҳ ба нерӯҳои посдори сулҳ ҳамла карда ва ду соат бо онҳо ҷангидаанд. Бино ба гузоришҳо, афроди мусаллаҳ, ҷангиёни қабилаи ҷанҷавиди тарафдори ҳукумати Судон будаанд. Дар муноқишаи Дарфур, ки соли 2003 баъди шӯриши ҷудоихоҳони африқоӣ ба зидди ҳукумати зери дасти арабҳо сар зад, то кунун 300 ҳазор нафар кушта ва беш аз дувуним миллион нафар бехонаву дар шудаанд.
XS
SM
MD
LG