Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости G8 аз ҳукумати Ҳомиди Карзай


Раҳбарони кишварҳои пешрафтаи санъатии ҷаҳон аз ҳукумати Афғонистон хостанд, ба гуфтаи онҳо “барои амният, идора ва бозсозии кишвар” масъулияти бештарро бар ӯҳда бигирад. Дар поёни нишасти серӯзаи худ дар Ҷопон раҳбарони кишварҳои Гурӯҳи 8 ҳамчунин барои афозиши кӯмак ба манотиқи марзии миёни Афғонистону Покистон ба тавофуқ расиданд. Ва айни ҳол Созмони Милал аз ҷомеаи байналмилал тақозо кард, барои таъмини чоруним миллион нафар мардуми мӯҳтоҷи Афғонистон бо маводи ғизоӣ 400 миллион доллар кӯмак кунанд. Ба гуфтаи созмон, афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва хушксолӣ 450 ҳазор хонаводаи Афғонистонро осебпазир кардааст.

XS
SM
MD
LG