Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кондолиза Райс дар Гурҷистон


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс имрӯз дар Тбилиси қарор дорад, то бо раҳбарони Гурҷистон танишҳои ин кишвар бо манотиқи ҷудоихоҳи онро баррасӣ намояд. Дар ин авохир ҷанҷолҳои Гурҷистон бо Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон боло гирифтааст. Айни ҳол вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, иқдомоти Гурҷистон метавонад, "Қафқози Ҷанубиро ба вартаи нави низоъи мусаллаҳона бикашад, ки он паёмадҳои ғайриқобили пешбинӣ хоҳад дошт." Вазорат дар ишорае, ки зоҳиран ба Амрико аст, гуфтааст, “онҳое, ки иғвогаронро ҳимоят ва дар ҳама чиз Маскавро муттаҳам мекунанд.”, бо хидмате баде ба раҳбарони Гурҷистон эҳсоси масӯнияти онҳоро тақвият мебахшанд.
XS
SM
MD
LG