Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул Исломободро дар таркиш айбдор мехонад


Мақомоти Афғонистон бори дигар хадамоти кашфи Покистонро дар таркиш дар канори сафорати Ҳиндустон дар Кобул айбдор карданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи душанбе ба вуқуъ пайваст, беш аз 40 нафар кушта шуданд. Аҳмад Муқбил, вазири умури дохилаи Афғонистон имрӯз гуфт, ки омилони ин ҳамла дар пойгоҳҳои Покистон тамрин дидаанд. Ва аммо Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон бори дигар эълом дошт, ки кишвараш иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамларо қабул надорад. Ӯ афзуд, ки "мо мехоҳем бо ҳамсояҳоямон – хоҳ Ҳиндустон бошад, хоҳ Афғонистон - равобити хело хуб дошта бошем. Ман аллакай гуфтам, ки эътидол дар Афғонистон ба манфиати мост. Агар вазъ дар Афғонистон ором бошад, мо аз ин фақат бурд мекунем".

XS
SM
MD
LG