Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни нишасти гурӯҳи "G-8"


9-уми июл дар Ҳокайдо (Жопун) нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон (G-8) кори худро ба поён расонид.

Дар нишасти ҷазираи Ҳоккайдо раҳбарони ин кишварҳо ба тавофуқоти нав даст ёфтанд. Онҳо қавл доданд, ки то соли 2050 газҳои гулхонаиро то 50 дарсад коҳиш хоҳанд дод. Вале коҳиши гозҳои гулхонаӣ танҳо масъале набуд, ки дар мулоқоти G-8 дар Жорун баррасӣ шуд. Дар нишасти мазкур доираи васеъи масъалаҳо, аз ҷумла, аз болоравии нархи хурокӣ дар Зимбобве, то нархи нафт дар саросари ҷаҳон аз мавзӯъҳои мавриди баҳс будааст.

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико дар рӯзи ахири нишасти раҳбарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон натиҷаҳои онро ин гуна ҷамъбандӣ кард: "Ҳадафи мо дастёбӣ ба пешрафт дар панҷ бахш буд: муқобила бо тағири обу ҳаво, таҷдиди таъаҳҳудот барои иҷрои муваффақиятомези мувофиқатномаи Доҳа, мубориза бар зидди бемориҳо дар Африқо, ба вуҷуд овардани эътимод бар ин, ки G-8 масъули таъаҳҳудоти худ аст ва сараҷом андешидани тадобир дар баробари чолишҳои вобаста ба болоравии нархи ғизо ва энержӣ. Ман хушҳолам гузориш диҳам, ки мо дар ҳамаи ин бахшҳо ба комёбии чашмгир ноил шудем".

Аммо мулоқоти раҳбарони G-8 бо як чиз дар хотирҳо нақш хоҳад баст, ки ҳамаи раҳбарон саранҷом дар бораи зарурати коҳиши газҳои гулхонаӣ ваҳдати назар доштанд. Бори аввал Вошингтон аз тасмим дар бораи коҳиши газҳои гулхонаӣ ҷонибдорӣ кард. Зоҳиран, дар ин замина мавзеъгирии Ҷорҷ Буш ба таври қобили мулоҳиза тағир кардааст. Солҳо вай ин масъаларо рад мекард ва хатари гармоиши заминро чандон ҷиддӣ намегирифт. Вале дар соли 2005 эътироф кард, ки сабаби аслии гармоиши замин ба фаъолиятҳои инсон бастагӣ дорад.

Қатъномаи нишасти раҳбарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон дар бораи коҳиши газҳои гулхонаӣ ҳануз ниҳоӣ нашудааст ва ин гурӯҳ бояд баъзе ихтилофоти ҷузъиро дар ин замина рафъ созад. Масалан, яке аз ин масъалаҳо ин аст, ки оё ба коҳиши 50 дарсади газҳо то соли 2050 соли ҷорӣ низ дохил хоҳад шуд ё хайр. Ин масъала, ба вижа барои Амрико, муҳим аст, зеро дар марҳалаи кунунӣ меъёри газҳои гулхонаии Амрико тибқи муқаррароти Аҳдномаи Киото нисбат ба соли 1990 20 дарсад бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои аврупоӣ қасд доранд то соли 2020 газҳои гулхонаии худро 20 дарсад коҳиш диҳанд. Панҷ кишвари дорои рушди сареъ, яъне Чину Ҳиндустон, Бразилу Мексика ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ҳамзамон бо мулоқоти G-8 дар Жопун бо ҳам нишасте доштанд. Онҳо қавл доданд, ки барои коҳиши газҳои гулхонаӣ ва иҷрои ин барномаи баландмуддат бо кишварҳои G-8 ҳамкорӣ хоҳанд кард. Нишасти навбатии СММ роҷеъ ба ин масъала соли оянда дар Копенҳоген дар назар гирифта шудааст. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ба рӯзноманигорон роҷеъ ба дурнамои ҳалли ин масъала изҳори хушбинӣ кард: "Имрӯз кишварҳо хатари равандҳои кунунии иқлимро эҳсос мекунанд. Онҳо аз баррасиҳои умумӣ дар бораи зарурати ҳалли мсъалаҳои марбут ба тағири иқлим ба тасмимҳои мушаххас гузаштаанд. Табъан, ҳар кишвар вазъи хосси худ ва рушди иқтисоди худро дорад. Бо вуҷуди ин, имрӯз ин масъала касеро бетараф намегузорад".

Дар мавриди болоравии нархҳо кишварҳои G-8 гуфтанд, ки онҳо барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ва рушди муназзами иқтисод дар саросари ҷаҳон ва дар кишварҳои алоҳида тадобири зарурӣ анҷом хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG