Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати «Theban Electric Apparatus Stock Co Ltd» (CTEAS)-и Чин тасмим гирифтааст дар рӯдхонаи Хингоб нeрӯгоҳи барқи обии "Сангвор"-ро бунёд кунад.

Дар ҳамоиши ахири кумисиюни байниҳукуматии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Чин миёни ин ду кишвар дар мавриди ҳамкориҳои тарафайн, аз ҷумла дар бахши энержии обӣ, чанд санади ҳусни тафоҳум ба имзо расидааст. Аз ҷумлаи ин санадҳо бунёди нерӯгоҳи баржи обии «Сангвор» дар рӯдхонаи Хингоб аст.
Бар тибқи нақша, иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Сангвор» 800 мегаватт ва ҳаҷми сармояи тахминии бунёди он ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоист.
Бино бар иттилоъи вазорати энержии Тоҷикистон, дар ҳамоиши ахири байниҳукуматии ин ду кишвар санади ҳусни тафоҳум дар соҳаи энержӣ низ имзо шудааст.
Бар тибқи ин санад, ширкати мазкури чиноӣ асоснокии фаннии тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Сангвор»-ро мушаххас хоҳад кард, ки тасмим аст он бо усули «Биоти» анҷом шавад.
Гуфта мешавад, қарордоди бунёди нирӯгоҳи «Сангвор» ҳангоми сафари Ҳу Тзин Тао, раиси ҷумҳури Чин, ба Душанбе дар моҳи августи соли ҷорӣ ба имзо шавад.
Қаблан ширкатҳои чиноии «TBEA» ва «Sinohidro»-и Чин ба бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Нуробод-1», дар шарқи Тоҷикистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Бар тибқи нақша, ин ширкатҳо бояд аз тасмими худ дар мавриди бунёди нерӯгоҳи мазкур то интиҳои моҳи феврали соли ҷорӣ хабар медоданд, ҳарчанд то ҳанӯз ин кор сурат нагирифтааст.
Тарҳи мазкур дар ҳудуди 300 миллион доллари амрикоӣ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG