Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Тоҷикистон ва Афғонистон


Байни вузарои дохилаи Тоҷикистон ва Афғонистон, зимни мулоқот дар Душанбе, ҷиҳати табодули иттилоъоти амниятӣ тавофуқ ҳосил гардид.

Вазирони умури дохилаи ду кишвар зимни гуфтушунид дар Душанбе, ба санаде имзо гузоштанд, ки минбаъд ду кишвар бар асоси он дар бахшҳои мубориза бо гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ, терроризм, маводи мухаддир, қочоқи ашёи таърихию мероси фарҳангӣ ва лавозимоти ҳарбӣ табодули иттилоот хоҳанд кард. Ҳамчунин бар асоси тавофуқи ҳосилшуда Тоҷикистон барои омӯзиши кормандони пулис дар Академияи милисаи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Аҳмади Муқбил, вазири умури дохилаи Афғонистон тавофуқи ҳосилшударо барои муборизаи бештар бо ҷинояткорӣ муҳим шуморида, гуфт, санади ба имзо расида, дар ду кишвар мубориза бо олами ҷиноииро осон карда, мавориди ҷинояткориро коҳиш медиҳад. Вай тавофуқи ҳосилшударо дастоварди муҳим барои Афгонистон арзёбӣ кард.

Ба қавли ӯ, феълан Афғонистон мубориза бо маводи мухадирро густариш дода, ба он мувафақ шудаасст, ки дар 22 вилояти ин кишвар кишту кори кӯкнорро барҳам зада, тавлиди маводи мухадирро ба сифр расонад, ки ин вилоёт ҳаммарз бо Тоҷикистону Туркманистону Узбакистон мебошанд. Оқои Муқбил афзуд, дар мубориза бо маводи мухадир Афгонистон ҷони беш аз 1100 пулисашро бохтааст.

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, кормандони милисаи афғон дар Академияи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон таҳсил хоҳанд кард.

Оқои Солеҳов ҳамчунин гуфт, ҷониби Афғонистон сари масъалаи истирдоди зиндониёни ду ҷониб аз Точикистон дархост намудааст. Вале вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қарор додаааст, ин масъаларо барои баррасӣ ба палумон ироа кунад.

XS
SM
MD
LG