Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти G8 поён ёфт


Дар фароғатгоҳи Тоякои Ҷопон нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии олам поён ёфт. Раҳбарони Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҷопон, аз ҷумла, аз Эрон даъват кардаанд, ки дар робита ба низоъҳо дар Ироқ, Афғонистон ва раванди сулҳи Ховари Миёна аз масъулият кор гирад. Онҳо ҳамчунин аз Теҳрон хостанд, ки ба ғанисозии ураниум хотима гузорад.
Раҳбарони "Гурӯҳи ҳашт" хостори он шудаанд, ки кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла, Чин ва Ҳиндустон то соли 2050 партоби газҳои гулхонаӣ ба фазоро дасти кам панҷоҳ дар сад коҳиш диҳанд. Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар нишасти хабарии ниҳоӣ гуфт, ки "Гурӯҳи ҳашт" дар баррасии панҷ мавзӯъи мубрами имрӯзи сайёра ба пешрафт муваффақ шудааст.

XS
SM
MD
LG