Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи иттилоъи расида аз Туркия, бар асари тирандозӣ дар назди консулгарии ИМА дар Истанбул се пулис ва се нафари мусуллаҳ кушта шудаанд.

Шабакаи телевизионии Си-Эн-Эн гузориш додааст, ки афроди мусаллаҳ аз дохили як мошин ба сӯи кормандони пулис тирандозӣ кардаанд ва ба ҷуз аз шаш нафари кушташуда аз ду ҷониб ҳамчунин ду нафари мулкӣ, ки барои дарёфти виза дар консулгарии Амрико дар набват будаанд, низ дар ин тирандозӣ захмӣ шудаанд.

Дар бораи кушта ё захмишавии кормандони консулгарии ИМА ягон иттилоъе пахш нашудааст. Сафорати ИМА дар Анқара мегӯяд, ки аз ин ҳодиса бохабар аст, вале иттилоъоти бештаре дар даст надорад.

XS
SM
MD
LG