Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав аз чанд изҳороти ахири ИМА норозӣ аст


Вазорати умури хориҷаи Русия мутмаин аст, ки чанд изҳороти ахири мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар робита ба низоъи миёни Гурҷистону Абхазистон Тифлисро "барои кор гирифтан аз ҳама гуна иқдом" таҳрик медиҳад. Дар баёнияи ахири вазорат омадааст, "амалҳои Тифлис барои сулҳу амният дар Қафқози ҷанубӣ хатар эҷод мекунад ва минтақаро дар вартаи ҷанги наве қарор медиҳад, ки паёмадаш пешгӯинашаванда хоҳад буд”.

Вазорати хориҷаи ИМА ба думболи таркишҳо дар Гали, Сухуми ва Гагри пешниҳод кард, ки дар минтақаи низоъ миёни Гурҷистону Абхазистон нерӯҳои полиси байнулмилалӣ мустақар шаванд. Котиби давлатии Амрико Кондализа Райс изҳор дошт, ки чанд иқдоми ахири Маскав ба ташдиди авзоъ дар минтақа мусоидат кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG