Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба консулгарии Амрико дар Истамбул


Бар асари ҳамла ба консулгарии ИМА дар Истамбул ду корманди полис ба ҳалокат расида, чанд каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Сафорати Амрико дар Анқара изҳор кард, ки аз ин ҳамла хабар дорад ва аммо аз ташреҳи ҳодиса худдорӣ мекунад.

Ба иттилоъи расонаҳои хабарии Туркия, афроди ношинос сӯи кормандони полис, ки амнияти консулгариро таъмин мекунанд, оташ кушоданд. Дар бораи сабабу ангезаҳои ин ҳамла иттилоъе зери даст нест.

XS
SM
MD
LG