Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи дубораи задухурдҳо дар шимоли Лубнон


Дар шимоли Лубнон бар асари задухурди миёни ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифини пуштибон аз гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” дасти кам ду кас кушта шуда ва беш аз 30 нафар ҷароҳат бардоштанд. Даргирӣ миёни ин гурӯҳҳо шаби гузашта шурӯъ шуд. Моҳи гузашта хушунат дар Лубнон мунҷар ба ҳалокати 9 нафар шуда буд. Он вақт аз идомаи задухурди миёни ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифин артиш ва полис ҷилавгирӣ карданд.

Задухурд дар шимоли Лубнон дар ҳоле сурат гирифт, ки нерӯҳои сиёсии кишвар барои ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ талош доранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG