Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар тими мизбон CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 (Ҳакимов, дақиқаи 46-ум, Раҳимов, 70-ум) пирӯз гардид. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар меҳмонӣ тими «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 (Содиқов, 24) шикаст дод. Дастаи «Саройкамар»-и Панҷ дар майдони худ бар тими «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа бо ҳисоби 1:0 (Ш. Ғаффоров, 16) ғалаба кард.
Дар ҳамин ҳол «Парвоз» бо 38 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 35 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудааст. Дастаи «Хуҷанд» бо 32 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал қарор дорад. Суҳроб Ҳамидов, ҳамлагари тими «Энергетик», бо 10 гол дар ҷои дувум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 9-уми июл
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Парвоз»
15
12
2
1
38-11
38
2.
«Регар» ТадАЗ
14
11
2
1
46-11
35
3.
«Хуҷанд»
14
10
2
2
16-6
32
4.
«Вахш»
14
8
2
4
20-12
26
5.
«Динамо»
14
6
4
4
20-17
22
6.
«Тоҷиктелеком»
16
6
0
10
21-26
18
7.
CSKA «Помир»
15
5
0
10
10-27
15
8.
«Энергетик»
16
4
3
9
21-30
15
9.
«Равшан»
17
4
1
12
19-42
13
10
«Саройкамар»
16
3
4
9
24-33
13
11
«Гвардия»
15
3
2
10
14-34
11
Бозиҳои даври ХIХ: 11-уми июл - «Динамо» - «Равшан», CSKA «Помир» – «Хуҷанд», «Энергетик» – «Парвоз», «Вахш» – «Саройкамар». 12-уми июл. «Тоҷиктелеком» – «Гвардия».
XS
SM
MD
LG