Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Николя Саркозӣ аз раъйаш гаштааст


Раиси ҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ ба таҳдиди таҳрими расми ифтитоҳи бозиҳои олимпии Пекин хотима дода ва гуфт, моҳи оянда дар расми ифтитоҳи ин бозиҳо ширкат хоҳад кард. Дафтари раёсати ҷумҳури Фаронса гуфт, Николя Саркозӣ ҳангоми мулоқот бо Ҳун Ҷинтао - раиси ҷумҳури Чин дар Ҷопон "доир ба арзишҳои бозиҳои олимпӣ, дӯстиву бародарӣ" сӯҳбат кардааст. Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти сарони 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон баргузор шуд. Аз ин пеш ва баъди саркӯбии золимонаи тазоҳурот дар Тибет дар моҳи март, раиси ҷумҳури Фаронса доир ба таҳрими расми ифтитоҳи бозиҳои олимпӣ сӯҳбат карда буд.
XS
SM
MD
LG