Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди мардуми мӯҳтоҷи тоҷик


Се муассисаи Созмони Милал арзёбии фарогири вазъи амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистонро такмил карда ва ба ин натиҷа расидаанд, теъдоди мардуми мӯҳтоҷ дар кишвар дучанд шудааст. Муассисаи кишоварзӣ (FAO), Барномаи Озуқа (WFP) ва Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал (UNICEF) аз моҳи май вазъи зиндагии мардумро таҳқиқ кардаанд. Бар асоси арзёбии онҳо шумораи мардуме ки ба кӯмакҳои фаврии ғизоӣ ниёзманд ҳастанд дар Тоҷикистон аз 260 ҳазор то ба ним миллион нафар афзудааст. Даромади нокофии хонаводаҳо онҳоро дар вазъи бадтар гузоштааст. Ин муаасисаҳои имдодии Созмони Милал мегӯянд, кишварҳои донор бояд ҳушёр бошанд, зеро дар сурати расидагӣ накардан ба мушкилоти давомдори мардум, вазъи башарӣ дар зимистони оянда дар Тоҷикистон бадтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG