Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқаи ИМА ва Чехия дар мавриди бунёди радар


Имрӯз Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида Кондализа Райс ва вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех Карел Шверсенберг дар Прага зери созиш дар бораи мустақаршавии радари амрикоӣ дар қаламрави Чехия имзо гузоштанд. Акнун ин санад бояд аз сӯи порлумони Ҷумҳурии Чех тасвиб шавад. Радар яке аз бахшҳои сипари мушакии Амрико дар Аврупост – бахши дигари сипари мушакӣ бояд дар қаламравии Полша ё Лаҳистон мустақар гардад. Хонум Райс қабл аз вуруд ба Прага дар Варшава бо вазири умури хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорский мавзӯъи ҷойгиршавии сипари мушакиро баррасӣ кард. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки музокиротро идома диҳанд.

Маскав ба тарҳи сипарии мушакиии Иёлоти Муттаҳида дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон мухолиф аст ва онро хилофи манофеъи миллии Русия мехонад.

XS
SM
MD
LG