Пайвандҳои дастрасӣ

Кондолиза Райс, вазири умури хориҷаи Амрико, бо мақомоти Чех тавофуқномаи таъсиси системи зиддимушакии ИМА дар ин кишварро ба имзо расонд.

Қарордоде, ки миёни Вошингтону Прог ба имзо расид, ҳамин тавр, роҳро барои мустақар кардани радарҳои зиддимушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ боз кард. Аммо Кондолиза Райс ва Карел Швартсенберг, вазирони умури хориҷии Амрикову Чех, ба ин нукта ишора кардаанд, ки бо вуҷуди имзои тавофуқнома ва ризоияти ду ҷониб, ҳанӯз сарнавишти ояндаи ҷойгоҳи радарҳои зиддимушакӣ, мушаххас нест.

Қарордоди имзошуда бояд аз сӯи порлумони ҷумҳурии Чех ҳам тасвиб шавад, ки аксариятро дар он мухолифони ҳукумати росту марказгаро ташкил медиҳанд ва онҳо шадидан мухолифи ҷойгиркунии радар дар хоки кишвари худ ҳастанд. Мақомоти Чехро мебояд ҷонибдории ин мухолифони ҳукуматро ба даст орад. Назарпурсиҳо баёнгари он аст, ки аз се ду ҳиссаи мардуми Чех мухолифи мустақар кардани пойгоҳи зиддимушакии Амрико дар кишварашон буда барои тақвияти ин мавқеъи худ бештар аз 100 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардаанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти амрикоӣ мегӯянд, мустақар кардани пойгоҳи зиддимушакии ин кишвар дар Чех ва Лаҳистон ҳам Аврупои Марказӣ ва ҳам Амрикоро аз зарбаҳои мушакии кишварҳое мисли Эрон ва Куриёи Шимолӣ эмин медорад. Барои анҷоми истиқрори радари зиддимушакӣ Амрико бештар аз 3,5 миллиард доллар ихтисос доданист ва нийят дорад, кори онро то соли 2012 ё 2013 анҷом диҳад. Зеро донишмандони амрикоӣ тахмин мезананд, ки давлати Эрон то соли 2015 метавонад тавони тавлиди мушакҳои дурбурдеро, ки Амрикоро мавриди ҳадаф қарор диҳад, соҳиб шавад.

Вале уммедвориҳои Вошингтон дар мавриди шурӯъи сохтмони пойгоҳи зиддимушакияш дар Лаҳистон бо номуайяниҳо рӯбарӯ шудааст. Зеро ҳанӯз дар мавриди макони ин пойгоҳ миёни Вошингтону Варшава ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад. Хонум Райс пеш аз вуруд ба шаҳри Прог бо вазири хориҷии Лаҳистон гуфтугӯ карда буд, аммо ду вазири хориҷӣ натавонистаанд, ин ихтилофи назарҳоро бартараф кунанд. Рӯзи душанбе, пас аз дидор бо Кондолиза Райс дар Вошингтон Мирослав Сикорский, вазири хориҷии Лаҳистон, ба хабарнигорон гуфт: "Дар робита бо дифоъи зиддимушакӣ мавқеъҳои худро мушаххас кардем ва чанд фикри созандае дорем, ки гуфтугӯҳои мо барои баррасии он идома хоҳад кард".

Тибқи хабарҳои расида мақомоти Лаҳистон мехоҳанд, аз Амрико барои таҳкими нерӯҳои низомии худ кӯмакҳои қобили мулоҳиза ба даст оранд. Зеро ба гуфтаи мақомоти Варшава, агар Лаҳистон қарордоди зиддимушакиро имзо кунад, ба хатари бештаре аз ҷониби Русия мувоҷеҳ хоҳад шуд. Русия аз аввал шадидан мухолифи иҷрои ин тарҳ садо баланд карда, истиқрори сипари зиддмушакиро дар Аврупои Марказӣ таҳдиде ба амнияти миллии худ арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG