Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду бозии охирини даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) дар сафар тими «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 7:1 шикаст дод. Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар майдони худ бар тими «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид.
Дар ҳамин ҳол, пешсафон «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» (ноҳияи Б. Ғафуров) 35-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале таносуби тӯбҳои футболбозони шаҳри Турсунзода беҳтар аст, бино бар ин онҳо феълан дар зинаи аввал қарор гирифтаанд.
Муддаъии дигари унвони қаҳрамонӣ «Хуҷанд» (Хуҷанд), ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 29 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Дастаи «Вахш» бо 26 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Дар байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин, «Динамо»-и Душанбе бо 22 имтиёз ҷой гирифтааст.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов, ки 13 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин мисли пешин дар ҷои аввал мебошад. Суҳроб Ҳамидов («Энергетик») бо 10 гол дар ҷои дувум қарор дорад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 8-уми июл
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Регар» ТадАЗ
14
11
2
1
46-11
35
2.
«Парвоз»
14
11
2
1
36-11
35
3.
«Хуҷанд»
13
9
2
2
15-6
29
4.
«Вахш»
14
8
2
4
20-12
26
5.
«Динамо»
14
6
4
4
20-17
22
6.
«Тоҷиктелеком»
15
6
0
9
21-25
18
7.
CSKA «Помир»
14
5
0
9
10-25
15
8.
«Энергетик»
15
4
3
8
21-29
15
9.
«Равшан»
17
4
1
12
19-42
13
10
«Гвардия»
15
3
2
10
14-34
11
11
«Саройкамар»
15
2
4
9
23-33
10
Бозиҳои навбатӣ: 8-уми июл. CSKA «Помир» – «Парвоз», «Энергетик» – «Хуҷанд», «Саройкамар» – «Тоҷиктелеком». 9-уми июл. «Динамо» – «Равшан».
XS
SM
MD
LG