Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буковский ва Боннер: «Русия аз G8 хориҷ шавад!»


Владимир Буковский
Владимир Буковский

Муҳофизони ҳуқуқи башар аз Русия В. Буковский ва Е. Боннэр даъват намуданд, ки Русия аз «Ҳаштгонаи бузург» хориҷ карда шавад

Ҳукумати кунунии Русия, менависанд Елена Боннер ва Вдадимир Буковский, барои нақзи саросари ҳуқуқи башар дар кишвар (шиканҷаҳо, тазйиқҳои сиёсӣ ва кушторҳо, барои идомаи қатли омми мардум дар Қафқози шимолӣ) масъулият ба дӯш дорад. Вале ҳоло, чун дар замони ҷанги сард, Кремлин бо худ ба амнияти байнулмилалӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳукумати Русия, омадааст дар нома, захоири энержиро барои шонтожи сиёсӣ истифода мекунад, маъракаҳои тарғиботиро бар зидди Ғарб баргузор менамоянд, ба душманони озодӣ ёрӣ медиҳанд, масалан, ба ҳамсоядавлатҳои Исроил силоҳ ироъа мекунанд ва дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон мавқеъи дугонаро пеш мегиранд.
Елена Боннер (аз чап) ва Ватслав Гавел, раисҷумҳури вақти Ҷумҳурии Чех, дар ҷашни 50-солагии родиюи "Озодӣ", Праҳа, с. 2001
Чунонки Владимир Буковский ва Елена Боннэр иддаъо мекунанд, набояд фаромӯш намуд, ки Кремлин дар робита ба яке аз кишварҳои NATO таҷовуз карда, шаҳрванди Бритониёро дар қаламрави он куштааст. «Ҳамаи ин ҳеч шаккеро дар мавриди он, ки ин режим аслан чи чеҳрае дорад, ба бор намеорад», – омадааст дар нома.
Дар чунин ҳолат, муроҷиъат мекунанд муҳофизони ҳуқуқи башари Русия ба номзадҳои мақоми президентии ИМА, ширкати Русия да «Ҳаштгонаи бузург» аслан корест абасу музахраф: «Қабл аз ҳама, ин маҳфили кишварҳои демократӣ мебошад. Русия бошад дар ҳоли ҳозир ба чунин кишварҳо марбут нест». Ва аз ҳамин рӯ муаллифони нома ба раисҷумҳури ИМА муроҷиъат мекунанд, ки кори хориҷ кардани Русия аз G8-ро оғоз кунад. Зарур аст, меҳисобанд Владимир Буковский ва Елена Боннэр, ки ба худкомагони русӣ чун ба раҳбарони ба таври демократӣ интихобшуда муносибати ҳасана хотима дода шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки номзади ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн ҳанӯз ду сол қабл дар арафаи саммити Санкт-Петербург даъват намуда буд, ки Русияро аз «Ҳаштгонаи бузург» хориҷ кунанд. Вале Барак Обама дар ин робита ҳанӯз изҳори назар накардааст.
XS
SM
MD
LG