Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор корманди хориҷӣ дар Мосул


Дар шаҳри Мосул, воқеъ дар шимоли Ироқ бар асари таркиши бомб чаҳор корманди хориҷӣ кушта ва 8 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар бораи ҳуввияти қурбониён алҳол иттилоъе зери даст нест. Гуфта мешавад, ки онҳо дар интиқоли молу амвол ба муассисаҳои низомии ИМА дар Ироқ кумак мекарданд. Моҳи май нерӯҳои ироқӣ ва амрикоӣ дар Мосул алайҳи ошубгарон амалиёти густардаи низомӣ анҷом доданд.

XS
SM
MD
LG