Пайвандҳои дастрасӣ

Гелонӣ: Покистон ба таркиш дар Кобул рабте надорад


Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон изҳор намуд, ки кишвараш ба таркиш дар канори сафорати Ҳиндустон дар Кобул ҳеҷ рабте надорад. Қаблан вазорати умури дохилии Афғонистон дар ташкили ин ҳамлаи террористӣ "хадамоти истихборотии яке аз кишварҳои минтақа"-ро айбдор карда буд ва бархе инро чун ишора ба Покистони ҳамсоя арзёбӣ карданд. Покистон ҳам бо Афғонистон ва ҳам бо Ҳиндустон дар ҳоли низоъ қарор дорад.

Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, ки "нооромӣ дар Афғонистони ҳамсоя ба манфиати Покистон нест". Дирӯз бар асари инфиҷор дар канори сафорати Ҳиндустон дар Кобул дасти кам 40 нафар кушта ва тақрибан 150 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG