Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод кишварҳои G8 "худхоҳ" номид


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон сарони кишварҳои G-8-ро мавриди танқиди шадид қарор дод. Ӯ бо ирсоли як нома унвони рӯзномаи “Иомури”-и Ҷопон, ки он ҷо нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам идома дорад, “гурӯҳи ҳаштгона”-ро дар худхоҳиву худпарастӣ ва паст задани обрӯи дигар давлатҳо муттаҳам намуд.

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин бори дигар даъвати кишварҳои ғарбӣ барои қатъи ғанисозии ураниумро рад кард. Иёлоти Муттаҳида ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ ҳадс мезананд, ки ҳадафи Эрон аз ғанисозии ураниум - дастёбӣ ба силоҳи ҳастаист. Теҳрон ин иддаро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG