Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G8 аз гармшавии иқлим нигарон аст


Имрӯз дар нишасти сарони ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам (G8) дар фароғатгоҳи Тоякои Ҷопон мавзӯъи тағйири иқлими сайёра мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раҳбарони Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҷопон ба мувофиқа расиданд, ки то соли 2050 партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо бояд панҷоҳ дар сад коҳиш ёбад. Сарони G8 ҳамчунин аз вазъи иқтисоди ҷаҳон, ба вижа, болоравии қимати маводи сӯхт ва озуқа изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо аз кишварҳои содиркунандаи нафт даъват намуданд, ки истихроҷи нафтро афзоиш диҳанд.

XS
SM
MD
LG