Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи нави Маҳмуди Аҳмадинажод


Раиси ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, кишвараш фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф нахоҳад кард ва ин гуна талаби қудратҳои ҷаҳониро номашрӯъ хонд.

Ин нахустин баёнияи Маҳмуди Аҳмадинажод баъди ҷавоби расмии кишвараш ба имтиёзҳои иқтисодӣ ва сиёсии пешниҳодии қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки мехоҳанд, Эрон фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф кунад. Амрико, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса ва Олмон дар ивази ин кор ба Эрон имтиёзҳо, аз ҷумла кӯмак дар роҳи иҷрои барномаи сулҳомези атомӣ пешниҳод кардаанд. Эрон мегӯяд, ҳадафи барномаҳои атомиаш тавлиди нерӯи барқ аст, аммо Амрико ва шарикони ғарбиаш ба ин гуфта шубҳа доранд ва иддаъо доранд, ки Эрон мехоҳад пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад.

XS
SM
MD
LG