Пайвандҳои дастрасӣ

Футбол: натоиҷи қуръакашии Ҷоми Осиё-2011


Дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми футболи Осиё-2011 доир гардид.

20 дастаи ширкаткунандаи мусобиқот ба 5 гурӯҳ тақсим шуданд.
Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» тимҳои миллии Жопун, Баҳрайн, Ҳонконг ва Яман, ба гурӯҳи «В» Австралия, Индонезия, Уммон ва Кувайт, ба гурӯҳи «С» Узбакистон, Аморати муттаҳидаи Араб, Малайзиё ва Ҳиндустон,ба гурӯҳи «D»Вйетнам, Чин, Сурия ва Лубнон, ба гурӯҳи «Е» Эрон, Тайланд, Урдун ва Сингапур шомил шуданд.
Воқиъан, чаҳор дастае, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд, маълуманд. Инҳо тимҳои миллии Ироқ (қаҳрамони Осиё), Арабистони саъудӣ (барандаи ҷоизаи нуқра) ва Кореяи ҷанубӣ (барандаи ҷоизаи биринҷӣ), инчунин, Қатар – дастаи мизбон – мебошанд.
Ба онҳо 10 дастаи беҳтарини сабқати гурӯҳӣ (аз ҳар як гурӯҳ дудастаӣ) ва ғолибони Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар солҳои 2008 ва 2010 ҳамроҳ мешаванд.
Бад-ин тартиб, дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2011 ҳамагӣ 16 дастаи мунтахаби миллии кишварҳои қорра ширкат хоҳанд кард.
Бар асоси низомномаи нави Ҷоми Осиё, тими миллии футболи Тоҷикистон, ки нахустин барандаи «Ҷоми даъвати AFC» мебошад, имкон дорад, дар сурати пирӯзӣ дар дувумин давраи ин мусобиқот ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии «Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё» дар гурӯҳи «A» 30-вуми июл бо мунтахаби Туркманистон, 1-уми август бо тими мизбон – Ҳиндустон ва 3-вуми август бо дастаи Қирғизистон бозӣ хоҳад кард. Бояд тазаккур дод, ки дастаи Қирғизистон ба ҷойи тими Афғонистон, ки аз ҳақи иштирок дар ин бозӣ аз сӯйи Конфедеросиюни футболи Осиё маҳрум шудааст, ширкат хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «B» дастаҳои миллии Куриёи шимолӣ, Мянмар, Непал ва Шри-Ланка дохиланд.
Даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё аз 30-уми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG