Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш Медведевро «як марди боҳуш» ном бурд


Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Даблю Буш ҳамтои руси худ Сергей Медведевро ситоиш карда гуфт, Медведев марди боҳуш мебошад, ки сухану афкораш якест. Буш дар ин бора дар ҳошияи нишасти кишварҳои сарватманд дар Ҷопон ибрози назар кард. Ду раҳбар гуфтанд, ки ҳукуматҳои онҳо дар мавриди чандин масоил, аз ҷумла, дар робита ба масъалаҳои Куриёи Шимолӣ ва Эрон тавофуқи назар доранд. Вале мавқеъи ду кишвар дар чанд маврид, аз ҷумла дар масъалаи ҷойгир кардани системи зиддимушакии Амрико дар Аврупои Марказӣ мухталиф мебошад. Мулоқоти 8 кишвари санъатии ҷаҳон дар ҷазираи Ҳоккайдои Ҷопон имрӯз шурӯъ шуд ва ин нишаст аслан ба болоравии нархи нафт, тағйири иқлим ва камбизоатӣ дар қораи Африқо тамаркуз мекунад.
XS
SM
MD
LG