Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи иртиботи Абхозистон бо Гурҷистон


Мақомоти ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон мегӯянд, ин минтақа куллия иртибототашро бо Гурҷистон қатъ мекунад. Сергей Багапш, президенти ин минтақаи эътирофнашудаи ҷудоихоҳ, дар ин бора ба хабаргузории Интерфакс ибрози назар кардааст. Рӯзи якшанбе дар шаҳри Галии Абхозистон таркише ба амал омад, ки мунҷар ба марги чаҳор нафар шуд. Руслан Кишмариа, намояндаи Багапш дар Галӣ Гурҷистонро дар ин таркиши маргбор муттаҳам кард: "Бидуни шак, ин як амали хуб тарҳрезишуда ва харобкорона мебошад. Ин кори дасти хадамоти вижаи Гурҷистон аст, ҳеҷ шаке нест". Сухангӯйи вазорати умури дохилии Гуроҷистон иддаои Абхозистонро рад карда онро бемаънӣ ва бепоя хонд. Абхозистон соли 1991 пас аз як низоъи кӯтоҳ худро аз Гурҷистон ҷудо эълом кард ва бо мақомоти он иртибототи ниҳоят кам дошт.
XS
SM
MD
LG