Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳкумияти ҳамлаҳои Кобул


Имрӯз кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи маргталабона ба сафорати Ҳиндустон дар Кобулро маҳкум карданд. Дар ин ҳамла дасти кам 41 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Аксар қурбониҳоро афроди мулкӣ ташкил доданд, ки барои гирифтани раводид дар назди сафорат қарор доштанд. Аммо дар миёни онҳо чаҳор шаҳрванди Ҳиндустон ҳам ном бурда мешавад. Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳамлаи мазкурро маҳкум карда гуфт, ки ин кори дасти душманони равобити, ба қавли вай, тавсеаёбандаи Афғонистону Ҳиндустон мебошад. Ҳукумати Ҳиндустон ин ҳуҷумро чун амали «номардонаи террористӣ» маҳкум кард. Пранаб Мухерҷӣ, вазири хориҷаи Ҳиндустон дар робита ба ин ҳодиса дар як нишасти матбуотӣ дар Деҳлӣ гуфт: "Ҳукумати Ҳиндустон ин ҳамлаи номардонаи террористиро болои ҳайати дипломатиаш дар Афғонистон башиддат маҳкум мекунад. Чунин амалҳои террористӣ моро аз иҷрои ӯҳдадориҳоямон дар баробари ҳукумат ва мардуми Афғонистон боз нахоҳад дошт". Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон, низ ин ҳамларо маҳкум ва гуфт, ки Исломобод терроризмро дар ҳамаи шаклҳояш маҳкум мекунад. Вошингтон ва Кумисюни Аврупо низ ин ҳамлаи маргталабонаро шадидан интиқод карданд.
XS
SM
MD
LG