Пайвандҳои дастрасӣ

Кобул: ҳалокати 41 нафар бар асари таркиш


Кобул, 7-уми июл, пас аз инфиҷор

Имрӯз, 7-уми июл, бар асари як инфиҷор дар назди сафорати Ҳиндустон дар Кобул ҳадди ақалл 41 кас ба ҳалокат расид.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, теъдоди кушташудагон аз ин ҳам бештар аст. Дар ҳамин ҳол, захмишудагон даҳҳо нафар арзёбӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, як маргталаб имрӯз мошини миндори худро ба бинои сафорати Ҳиндустон равона кардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар байни кушташудагон чаҳор шаҳрванди Ҳиндустон низ ҳаст. Ҳукумати ин кишвар ин амали террористиро маҳкум намуд.

Инфиҷор дар ҳоле рух додааст, ки дар назди сафоратхона одамони зиёде барои дарёфти раводид ҷамъ шуда буданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки касе масъулияти ин инфиҷори худинро ҳанӯз ба дӯш нагирифтааст.

Вале таъйид мешавад, ки чанде пеш ҳаракати Толибон эълон намуда буд, ки миқдори таҳоҷум ба Кобулро афзоиш хоҳад дод.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG