Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» – пирӯз, «Саройкамар» муҷозот шуданд


Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Тими «Гвардия»-и Душанбе низ аз меҳмони худ «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид.
Вале ду бозии дигар то ба охир нарасиданд. Дар дидори «Регар» ТадАЗ бо «Саройкамар» (Панҷ) дар шаҳри Турсунзода то дақиқаи 30-юм ҳисоб баробар 1:1 буд. Баъди он ки ба дарвозаи дастаи меҳмон пенолти ё ҷаримаи 11-метра таъйин шуд, футболбозони «Саройкамар» ба нишони эътироз ба ҳукми сардовар Рустам Холов майдонро тарк карданд. Ин ҳодиса дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Бар асоси тасмими федеросиюн, дастаи «Регар» ТадАЗ бо ҳисоби 3:0 пирӯз дониста, «Саройкамар» ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар бозии дигари ин давр байни тимҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Қурғонтеппа низ айнан чунин ҳолат рух дод. То дақиқаи 60-уми дидор ҳисоб 1:0 ба фоидаи тими мизбон «Парвоз» буд. Пас аз он ки меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд, ба дарвозаи «Тоҷиктелеком» ҷаримаи 11-метра таъйин шуд. Вале футболбозони Қурғонтеппа ба нишони норизоят ба ин ҳукми сардовар Олим Норбоев аз давом додани бозӣ даст кашиданд.
Ба гуфтаи Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ин ҳодиса низ рӯзи душанбеи 7-уми июл дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон баррасӣ мешавад ва гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт.
Дар ҳамин ҳол ду дастаи пешсаф «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» натоиҷи мушобеҳ (32-имтиёзӣ) ба даст оварданд. Дар ҳамин ҳол, ҳар кадоми ин дастаҳо дар 10 дидор пирӯз гардида, 2 бозиро мусовӣ анҷом додаанд ва танҳо дар 1 дидор мағлуб шудаанд. Вале таносуби тӯбҳои «Регар» беҳтар аст ва бино бар ин «Регар» ТадАЗ дар зинаи аввал ва «Парвоз» дар зинаи дувум қарор гирифтаанд.
Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо 29 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов, ки 13 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин мисли пешин дар ҷои аввал аст. Суҳроб Ҳамидов, ҳамлагари тими «Энергетик», бо 10 гол дар ҷои дувум қарор дорад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Регар» ТадАЗ
13
10
2
1
39-10
32
2.
«Парвоз»
13
10
2
1
33-11
32
3.
«Хуҷанд»
13
9
2
2
15-6
29
4.
«Вахш»
13
7
2
4
18-11
23
5.
«Динамо»
14
6
4
4
20-17
22
6.
«Тоҷиктелеком»
14
6
0
8
21-22
18
7.
CSKA «Помир»
14
5
0
9
10-25
15
8.
«Энергетик»
15
4
3
8
21-29
15
9.
«Равшан»
16
4
1
11
18-35
13
10.
«Гвардия»
14
3
2
9
13-32
11
11.
«Саройкамар»
15
2
4
9
23-33
10
Бозиҳои навбатӣ: 7-уми июл. «Равшан» «Регар» ТадАЗ, «Вахш» «Гвардия», 8-уми июл. CSKA «Помир» «Парвоз», «Энергетик» «Хуҷанд», «Саройкамар» «Тоҷиктелеком». 9-уми июл. «Динамо» «Равшан».
XS
SM
MD
LG