Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштибоҳи нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон


Ду маротиба дар тӯли се рӯзи ахир нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон дар ҳамлаи ҳавоӣ ба зидди ҷангҷӯён тасодуфан теъдоди зиёди ғайринизомиёнро куштаанд. Бино ба иттилоъи бахши афғонии Радиои Озодӣ, нерӯҳои амрикоӣ ҳамлаи ҳавоиеро таҳқиқ мекунанд, ки бар асари он дар вилояти ҷанубии Нангарҳор 40 сокини осоишта дар як ҷашни арӯсӣ кушта шуданд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, аксари кушташудагон занону кӯдакон будаанд. Нерӯҳои Амрико ҳалокати ғайринизомиён дар ҳамларо рад карда мегӯянд, афроде, ки дар ҳамлаи пешин дар рӯзи ҷумъа кушта шуданд, ҷангҷӯён будаанд. Ин ҷангҷӯён ба гуфтаи нерӯҳои Амрико қаблан ба погоҳи НАТО ҳамла кардаанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дастур додааст, то қазияи ин ҳамлаи ҳавоӣ таҳқиқ шавад, ки ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ дар он ҳамла 15 фарди бегуноҳ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG