Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Ҷопон нишасти сарони 8 кишвари санъатии ҷаҳон оғоз гардид, ки гармоиши сайёраи Замин аз мавзӯъҳои меҳварии он хоҳад буд.

Интизор меравад, ки тайи се рӯз сарони ҳашт кишвари пешрафтаи санъатии олам, Бритониё, Олмон, Италия, Канада, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Ҷопон чанд мавзӯъи мубрами сайёра, аз ҷумла, тағйири иқлим, болоравии қимати энержӣ ва маводи озуқаро баррасӣ кунанд.

Таври маъмул, нишастҳои гурӯҳи ҳаштгона зери эътирози шадиди мухолифини глобализатсия ё ҷаҳонишавии иқтисод мегузарад ва нишасти навбатӣ дар Тояко ҳам истисно нест. Ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди халал ба нишасти сарони ҳашт кишвари бузурги олам мақомоти Ҷопон маблағи бузургеро сарф ва ҳудуди 20 ҳазор кормандони полисро сафарбар кардаанд.

Деннис Ҳоулет, намояндаи як созмони канадагии мубориза бо фақр мегӯяд, мухолифини ҷаҳонишавӣ талош доранд, ки сарони кишварҳои пешрафтаи саноатии олам ба садои онҳо гӯш бидиҳанд: «Мо ба нишасти G8 на барои он меоем, ки чун нишасти қонунӣ эътирофаш мекунем. Вале мо мефаҳмем, ки дар ин ҷо тасмимҳои муҳим гирифта мешаванд ва ҳамин тариқ мо мехоҳем мутмаин бошем, ки онҳо садои мардуми олам ва садои шаҳрвандони кишварҳои “ҳаштгона”-ро мешунаванд, фишорро эҳсос менамоянд ва бар асари ин ваъдаҳояшонро татбиқ мекунанд».

Қарор аст, ки ҳамзамон бо нишасти G8 мухолифини ҷаҳонишавӣ созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва гурӯҳҳои байнулмилалии хайрия нишасти алтернативии худро шурӯъ кунанд, ки ба рӯзномаи он мавзӯъҳои ҳифзи муҳити зист, сулҳу субот, ҳуқуқи башар ва мубориза бо фақр шомил шудаанд.

Рӯзи якшанбе ҳазорон мухолифини глобализатсия аз хиёбонҳои Саппоро убур карда аз сарони Ҷи-Ейт ҷилавгирӣ аз идомаи гармшавии иқлим, жарфтар шудани фақру нодорӣ ва болоравии қимати маводи озуқаро талаб намуданд. Онҳо дар даст шиорҳое доштанд бо навиштаҷоте аз қабили “Гурӯҳи ҳаштгона лағв шавад” ва “Мо ба нишасти сарони кишварҳои бой мухолифем”. Полис чаҳор тан аз эътирозгаронро боздошт кард, ки миёни онҳо наворбардори оҷонсии Ройтерс низ буд.

Ба раҳбарони Гурӯҳи ҳаштгона сарони боз тақрибан 15 кишвари дигар, аз ҷумла, Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Австралия ва чанд давлати қораи Африқо низ ҳамроҳ хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки, аз нигоҳи сарони кишварҳо, имрӯз мавзӯъи фақр ва густариши маризиҳо дар иддае аз кишварҳои африқоӣ низ ба бузургтарин мушкили ҷаҳон табдил шудааст. Ба ин нукта имрӯз Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар мулоқот бо сарвазири Ҷопон Ясуо Фукуда ишора кард. Зимнан, Ҷорҷ Буш дар нишасти гурӯҳи ҳаштгона бори ахир ширкат хоҳад кард, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев бошад барои нахустин бор.

XS
SM
MD
LG