Пайвандҳои дастрасӣ

Филмҳои тоҷикӣ дар ду озмуни хориҷӣ


Имрӯз дар Қазоқистон ҷашнвораи байналмилалии филми “Авруосиё” оғоз мешавад, ки дар доираи озмуни он танҳо офаридаҳои коргардонҳои Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта мешавад. Дар маҷмӯъ дар ҷашнвора 70 филм рӯи парда меояд ва коргардонҳои Тоҷикистон низ чанде аз офаридаҳои худро ба озмун овардаанд. Ва имрӯз дар Афғонистон ҷашнвораи байналмилалии дигари синамо идома мекунад, ки дар он филмҳои драмматурги тоҷик Шодӣ Солеҳ таҳти унвони “Нони Раштон” ва фимлҳои кӯтоҳи ҳунарии “Рӯшноӣ”, “Гул”, “Ҳаром ва Ҳалол” рӯи парда меоянд.

XS
SM
MD
LG