Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтазири арзон шудани нафт набошед


Раиси созмони ОРЕС, гурӯҳи кишварҳои аслии тавлидкунандаи нафт мегӯяд, ғолибан қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ поён нахоҳад омад. Чакиб Халил - раиси ОРЕС, дар як конфронс оид ба энержӣ дар Алҷазоир гуфт, талаботи зиёд ба нафт, бахусус дар Чину Ҳинд ҳамчунон қимати нафтро боло нигаҳ хоҳад дошт. Чакиб Халил, ки вазири энержӣ ва маъодини Алҷазоир аст, ҳамчунин гуфт, иллати афзоиши ахири қимати нафт поён рафтани қурби доллари амрикоист, ки муомилоти нафт асосан бо он сурат мегирад. Ҳафтаи гузашта қимати нафт дигарбора ба таври рекордӣ боло рафта барои ҳар бушка бештар аз 146 долларро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG