Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори тафтиши марги 16 сокини осоишта шуд


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон хостори тафтиши сабабҳои ҳалокати 16 сокини осоиштаи вилояти Нуристон бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ шуд. Ба гуфтаи Тамим Нуристонӣ, волии Нуристон дар ин ҳодиса ду зан ва ду тифл ҳам кушта шудаанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ин ҳодиса 22 тан аз мардуми осоишта ба ҳалокат расидаанд.

Ҳайати фармондеҳии Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ҳавопаймоҳо гурӯҳи афроди мусаллаҳеро бамборон карданд, ки қаблан ба қароргоҳи нерӯҳои амрикоӣ аз миномётҳо оташ кушоданд.

XS
SM
MD
LG