Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон мавқеяшро тағйир нахоҳад дод


Эрон мавқеъи худ дар робита ба барномаи ҳастаияшро тағйир нахоҳад дод. Намояндаи ҳукумати Эрон Ғулом Ҳусейн Илҳом имрӯз гуфт, ки Теҳрон барои идомаи музокирот бо кишварҳои ғарбӣ омода аст ва аммо дар ин гуфтушунид мавзӯъи қатъи ғанисозии ураниумро баррасӣ карданӣ нест.

Рӯзи ҷумъа Теҳрон посухи расмии худ ба бастаи пешниҳодҳои ахири “шашгона” - панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмон дар ивази қатъи ғанисозии ураниумро ба Ҳавиер Солана, раҳбари бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо ироа кард. Муҳтавои ин посух ошкор нашудаст.

Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талошҳои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Теҳрон дар ҷавоб мегӯяд, ки барномаи ҳастаии кишвар фақат аҳдофи осоишта дорад.

XS
SM
MD
LG