Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 22 сокини осоишта дар Афғонистон


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ дар шарқи Афғонистон 22 сокини осоишта кушта шуданд. Дар ин бора волии вилояти Нуристон ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ҳайати фармондеҳии ИМА изҳор кард, ҳавопаймоҳо гурӯҳи афроди мусаллаҳеро бамборон карданд, ки қаблан ба қароргоҳи нерӯҳои амрикоӣ аз миномётҳо оташ кушода буданд. Иттилоъ дар бораи ҳалокати мардуми осошта ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тайид нашудааст.

XS
SM
MD
LG