Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши шиддат дар Осетияи Ҷанубӣ


Мақомоти ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ аз эъломияи қаблии худ дар бораи ба истилоҳ "сафарбарии умумӣ" даст кашидаанд. Онҳо баъд аз куштори дастикам як нафар ва захмӣ шудани чанд нафар дар як тарандозии шадид бо нируҳои Гурҷистон "сафарбарии умумӣ"-и нируҳои худро эълон карда буданд. Онҳо гуфтаанд, шаби гузашта ҳангоме, ки нируҳои гурҷӣ Цхинвалӣ-маркази Осетияи Ҷанубӣ ва ду деҳи атрофи онро бомборон карданд, даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти расмии Гурҷистон дар ин тирандозиҳо нируҳои ҷудоихоҳро гунаҳгор донистаанд ва гуфтаанд, ҷудоихоҳон ба як посгоҳи гурҷиҳо ва ба чанд деҳ ҳамла бурдаанд. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, рафтори Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ таҷовузи ошкоро ба ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG